Маориф Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАЪКИД БА СИФАТИ ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС

29 октябри соли 2026 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100-и ноҳияи Рашт бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт, генерал-майори милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин вохӯрии судманд баргузор гардид. Зимни боздид нахуст масъулон аз […]

Аҳолӣ Варзиш Иқтисодиёт Кишоварзӣ Маориф Раиси ноҳия Раисони ҷамоатҳо Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Сайёҳӣ Фарҳанг Хабарҳо Ҳисоботҳо

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ОИД БА ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ, ТАЪРИХ, ИНФРАСОХТОР ВА ШАХСИЯТҲОИ БАРҶАСТАИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НУСРАТУЛО МАХСУМ

1. Маълумоти таърихӣ ва умумӣ Ҷамоати деҳоти Нусратуло Махсум яке аз воҳидҳои маъмурию ҳудудии ноҳияи Рашт буда, дорои таърихи бой, анъанаҳои неки миллӣ, захираҳои инсонӣ ва имкониятҳои мусоиди рушди иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Ҷамоат соли 1931 таъсис ёфта, ба ифтихори яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи халқи тоҷик — Нусратуло Махсум номгузорӣ шудааст. Нусратуло Махсум дар таърихи […]

Кишоварзӣ Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МЕҲРГОН — ҶАШНИ ФАРОВОНӢ ВА БАРАКАТ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Дар ноҳияи Рашт ҷашни бостонии Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, ба намоиши дастовардҳои кишоварзӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати деҳқонон ва тарғиби суннатҳои неки ниёгон табдил ёфт. Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёитабор буда, рамзи фаровонӣ, баракат, меҳнатдӯстӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ба шумор меравад. Ин ҷашни пурифтихор бо фасли заррини тирамоҳ, ҷамъоварии […]

Кишоварзӣ Маориф Нақлиёт Раиси ноҳия раси ноҳия Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НӮҲ МОҲИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар нӯҳ моҳи соли 2026 бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаҳои марбут ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои […]

Маориф Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Фарҳанг Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ МИНТАҚАВИИ ОЗМУНИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Дар маросими баргузории озмун Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо иштирок намуда, суханронӣ карданд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ» дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири эҳёи арзишҳои миллӣ, […]

Маориф Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Рашт боздид намуда, бо рафти дарсҳо ва сатҳу сифати таълиму тарбия шинос гардиданд. Зимни боздид ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, риояи интизоми хонандагон, истифодаи самараноки имкониятҳои муассисаи таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид […]

Муовинони раиси ноҳия Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Фарҳанг Хабарҳо

РӮЗИ УСТОД РӮДАКӢ — АРҶГУЗОРӢ БА АДАБИЁТ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт ба муносибати Рӯзи устод Рӯдакӣ — рӯзи арҷгузорӣ ба поягузори адабиёти классикии тоҷик, абармарди фарҳангу адаби миллӣ ва гиромидошти забону фарҳанги пурғановати миллати тоҷик чорабинии фарҳангӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Рашт Хушмаҳмадзода Фарзона, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, устодону омӯзгорон, донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт, хонандагони […]

Маориф Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

«РАШТ: КАСБ МЕОМӮЗЕМ, ОЯНДА МЕСОЗЕМ!»

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як муассисаи муҳими таълимӣ — бинои нави Литсеи касбии техникии ноҳияи Рашт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимӣ Раиси Маҷлиси намояндагони […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Тандурустӣ Хабарҳо

ҚАДАМИ НАВ ДАР РОҲИ БЕҲТАРИИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ

 Дар ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизматрасонӣ, Маркази саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Маросими ифтитоҳи иншооти нави соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ва дар доираи тадбирҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Тандурустӣ Хабарҳо

ТАБИБОН  МУҲОФИЗОНИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

 Ҳамасола 18 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мегардад. Ин сана ба зодрӯзи яке аз бузургтарин фарзандони миллати тоҷик — олим, файласуф ва табиби маъруф, Абуалӣ ибни Сино, рост меояд. Ба ин муносибат ва ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои гуногуни идона баргузор мегарданд. Дар ин […]