Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Шуъбаи фарҳанги ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ аҳаммияти таърихию муқаддаси Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносии ватандорӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон таъкид карда шуд.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими миллӣ табрик намуда, иброз доштанд, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ нишонаи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар дар назди давлату миллат мебошад.
Дар идомаи маҷлис ба як қатор фаъолон барои саҳми арзанда дар пешрафти соҳаҳо, фаъолияти пурсамар ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо сипосномаҳои Раиси ноҳияи Рашт қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони Шуъбаи фарҳанги ноҳия бо пешниҳоди барномаи рангини консертӣ ба тантанаи идона шукуҳи бештар бахшида, табъи ҳозиринро болида гардониданд.