МАЪЛУМОТИ  УМУМИ    ДАР БОРАИ ҶАМОАТИДЕҲОТИ  ҚАЛЪАНАК   ДАР СОЛИ  2024

Ҷамоати деҳоти Қалъанак дар соли 2024 дорои 5 деҳа, 1 548  хоҷагū ва 11 923 нафар аҳолū мебошад,  Аз ҷумла 5893- нафарро мардон ва 5874 – нафари дигарро занҳо ташкил медиҳанд.
Ба тобеияти он деҳаҳои Ялдамич, Белгū, Қалъанак, Шаҳринав ва Хуфак шомил шуда, дар ҳудуди он 5- мактаби таҳсилоти миёнаи умумū,   1 мактаби ибтидоū- таҷрибавū, 1 омўзишгоҳи касбū- техникū, 2 маркази саломатū, 3 бунгоҳи тиббū, 4 китобхона, 8 чойхонаи фароғатū, 7 масҷиди панҷвақта, 4 хоҷагии деҳқонии љамоавū, 356 хоҷагии деҳқонии инфиродū ва 15  нуқтаи соҳибкорū фаъолият доранд.
Масоҳати умумии Чамоат 9593,3 гектор мебошад.
Сўроғаи  Ҷамоати деҳоти Қалъанак: Ҷумҳурии Тоҹикистон, ноҳияи Рашт, деҳаи Белгū.

 

М У Қ А Д И М А

 

Ҷамоати деҳоти Қалъанак дар ҳайати 16 деҳа дар байни солҳои 1936-1938 таъсис ёфтааст. Ба тобеияти он 12 деҳаи хурди дараи Хунич ва деҳаҳои Хуфаку Қалъанак, Белгию Ялдамич шомил мешуданд. Заминларзаи шадиде, ки соли 1949 дар водū ба вуқўъ пайваст баъди ноҳияи Ҳоит таъсираш беш аз хама ба  Ҷамоати мо расид. 12 деҳаи дараи Хуничро яксар аз байн бурд. Аҳолии зиндамондаи ин деҳаҳоро ба доманаи дара кўчонида, деҳаи Шаҳринавро ташкил намуданд. Номҳои маҳалҳо ва баъзеи ишороти маъхазҳои илмū шоҳид бар онанд, ки ин диёр таърихи қадима дошта, аз замони авастоиҳо маҳалҳои  он аҳолинишин буданд.  Дар асрҳои миёнагū ҳам инҷониб  бобоёни мо дар ҳамин ҷо зиндагū мекарданд. Инак, эзоҳи номҳои баъзеи маҳалҳо шоҳиди ин ақида шуда метавонанд.
Ҷамоати деҳоти Қалъанак  аз деҳаи Ялдамич оғоз мешавад, Ялдамич калимаи турки ба маънои оби паси тепа набуда,  балки калимаи авестоист. Шакли дурусташ Ялдимич мебошад. Дар ин ҷо «Ял» – маънояш паҳлавон, «Дủ» – шакли кўтоҳшудаи лаҳҹавии дия адабиаш деҳа. Маслан Навдủ мегўянд, яъне деҳаи нав. «Мич» маънои покиву тозагиро ифода мекунад. Ҳамаи калимаҳои авастоие, ки дар охирашон пасванди «ич» доранд, аз пок будани он далолат мекунанд. Масалан: Нимич, Ярхич, Шинглич, Хунич ва ғайра. Яъне, ки калимаи Ялдамич авастоӣ буда, маънои «Деҳаи паҳлавони пок»-ро дорад.

Деҳаи Белгӣ аз як ривояти таърихии ба ҳама маълум номгузорӣ шуда аст.
Калимаи Хуфак бошад, калимаи Суғдист, дар луғат маънои авалааш масдари сулфидан, маъмулан ҷои сулфа мебошад. Дуюм ба маънои хорӣ, сарафкандагӣ, ва сабурӣ омада аст. Дар ин ҷо аз беоб, хоки сафед доштан, ва зиёд будани гарду чанги ин манзар номи Хуфак шаҳодат медиҳад.

Деҳаи Қалъанак дар асрҳои миёнагū дар ҳамон даврҳои тоҷикнишин будани ин маҳал ташкил карда шудааст. «Қалъа»- калимаи арабū буда, шакли тоҷикиаш «Диж» мебошад «Нак» далолат ба хурдии ин маҳал мекунад.  Яъне «Қалъаи хурд» мебошад.

Деҳаи Шаҳринав таърихи қадима надошта, қаблан заминҳои ин деҳа ҳамчун заминҳои ғаллакории  мардуми дараи Хунич истифода мешуданд.
Хунич бошад, дар болои деҳаи Шаҳринави имрўза ҹой гирифта буд. Шакли қадимаи он Бунич буда, «Бун»  ба маънои таҳ, таг, зер дар луғат омада аст,  ва даруни дараро ҳам бун мегуфтанд.  Баъдтар ба маънои лаҳчавии буна, оила ва хона, омадааст, тавре дар боло гуфтем,  пасванди «Ин» аз тозагиву покии он далолат мекунад.

Мавриди зикр аст, ки баъди заминларзаи шадид соли 1950 боз аз сари нав Ҷамоати деҳоти Қалъанакро, дар ҳайати 5 деҳа ташкил намуданд, Аз баски деҳаи Қалъанак дар маркази ин деҳот мавқеъ дошт, идораи Ҷамоатро дар он ҷо сохта, номи Ҷамоати деҳотро низ Қалъанак номгузорū намуданд.  сохта, номи Ҷамоати деҳотро низ Қалъанак номгузорū намуданд.