Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт зери роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо дар Ҷамоати Нусратуло Махсум корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад. Аз ҷумла, атрофи нимпайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратуло Махсум таъмиру таъмин гардида, ободу зебо мешавад
Сайёҳӣ
ВОХӮРӢ БО СОКИНОН ВА АЁДАТИ МАЪЮБОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ.
Санаи 20 июни соли 2024 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мавлон Хайринисо Юсуфӣ вобаста бо ду мулоқоти охири Пешвои муаззами Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ва мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар суҳбату вохури доир намуданд. Ҳамзамон дар даромадгоҳи Қасри фарҳанги […]
БОЗДИД АЗ РАФТИ КИШТИ КАРТОШКА
Имрӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато дар якҷоягӣ бо раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо аз рафти кишти картошка дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳоит, Ясман дидан карданд. Ба намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дода шуд, ки дар бахши кишоварзии ноҳияи Рашт то имрӯз 836 гектар ғалладона, 299 […]
ШУКӮҲИ ДАВИ МИЛЛӢ ДАР РАШТ
Субҳи 19 май маъракаи дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар ноҳияи Рашт бо мақсади оммавияти варзиш ва солимгардонии аҳолӣ дар доираи нақшаи тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар се минтақа: шаҳраки Ғарм ва ҷамоатҳои шаҳраки Навободу деҳоти Ҳоит бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки дар маъракаи мазкур беш аз шаш ҳазор […]
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Имрӯз 15 майи соли 2024 дар майдони маҷмааи «Сияриён!-и шаҳраки Ғарм ҷашни байналмилалии Рӯзи оила бо иштироки раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ Идизода Зарина Фузайлшо ва ҳамроҳонаш аз дастовардҳои ба намоиш гузоштаи ҳунармандони ноҳия, аз қабили ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд. Чорабинии тантанавиро ба ин муносибат […]
ВУСЪАТИ ГУЛЗОРКУНӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ободу зебо гардида истодаанд. Дар асоси ҳидоятҳои мазкур ноҳияи Рашт, махсусан маркази он – шаҳраки Ғарм бо шинонидани гулҳои рангоранг ва дарахтони зебои ҳамешасабз симои худро дигар […]
НАМОИШИ МАҲСУЛИ КАДБОНУҲОИ МИНТАҚАИ РАШТ, ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ..
НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ
16 апрели соли равон бо ҷалби зиёда аз 700 нафар, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Рашт барои сабзу хуррам гардонидани ватани азизамон дар канори роҳҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ғарм ҳашари ниҳолширонӣ доир карда шуда зиёда аз 1000 бех ниҳоли ороишии Арча шинонида шуд. Хотиррасон менамоем, ки дар доираи раҳнамоиҳои доимии Асосгузори […]
ТАНТАНАИ НАВРӮЗ ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Дар тантанаи Наврӯзи Рашт, ки 26 март доир гардид, сараввал роҳпаймоии идона бо диди нав, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва нону таомҳои миллӣ оғоз ёфт… Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки дар майдони варзишии маркази ноҳия доир гашт иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми […]
ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ 21-05-2023
21 майи соли равон бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар шаҳраки Ғарм дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дар дави миллӣ зиёда аз 5 ҳазор одамони касбу кори гуногун аз ташкилоту муассисаҳо, литсею коллеҷҳо ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, инчунин доираи васеи ҷавонону […]