МАЪЛУМОТИ УМУМИ ДАР БОРАИ
ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҲОИТ ДАР СОЛИ -2026.
Ҷамоати деҳоти Ҳоит соли 2026 дорои 9 (нух) деҳа Аҳолиаш 1109 нафар ва 1134 хоҷаги. Аз ин шумора 4515 нафар мардҳо ва 4594 нафарзанҳомебошанд. Ба тобеияти он деҳаҳои Ҳоити 2, Беги сиёҳ, Ярхичи қалъа, Ярхичи миёна, Ярхичи боло, Миртоб, Навбаҳор Луғёзи шомил шуда, дар ҳудуди он 5- мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 мактаби ибтидоӣ-1 Беморхонаи минтакави дар дехаи Хоит 2 маркази саломатӣ, 1 бунгоҳи тиббӣ, 1 китобхона, 9 чойхонаи фароғатū, 5 масҷиди панҷвақта, 217 хоҷагии деҳқонии , хоҷагии деҳқонии инфиродū ва 18 нуқтаи соҳибкорū 4 Сехи хишти семенблок барори 1 сехи хишти пенаблок барори 1 сехи пахта сафедкунак,2 дорухона 2 дукони гушт фуруши, 2 нуктаи фуруши сузишвори фаъолият доранд.
Масоҳати умумии Ҷамоат 94,667 мк аз ин 9466 га 70 сотиқ то сарҳад 110 километр мебошад.
Ҷамоати деҳоти Хоит дар ҳайати 9 деҳа дар байни солҳои 1983 таъсис ёфтааст. Ба тобеияти он 9 деҳаи хурди дораи шомил мешуданд. Заминларзаи шадиде, ки соли 1949 дар водū ба вуқўъ пайваст баъди ноҳияи Ҳоит таъсир расонида 9 деҳаи дараи Ҳоитро яксар аз байн бурд. Аҳолии зиндамондаи ин деҳаҳоро ба доманаи дара кўчонида, деҳаи Ҳоитро аз нав ташкил намуданд. Номҳои маҳалҳо ва баъзеи ишороти маъхазҳои илмū шоҳид бар онанд, ки ин диёр таърихи қадима дошта, аз замони авастоиҳо маҳалҳои он аҳолинишин буданд. Дар асрҳои миёнагūҳам инҷониб бобоёни мо дар ҳамин ҷо зиндагū мекарданд. Инак, эзоҳи номҳои баъзеи маҳалҳо шоҳиди ин ақида шуда метавонанд.
Деҳаи Ҳоит аз як ривояти таърихии ба ҳама маълум номгузорӣ шуда аст.
Деҳаи Ҳоит дар асрҳои миёнагӣ дар ҳамон даврҳои тоҷикнишин будани ин маҳал ташкил карда шудааст.
Деҳаи Ҳоит таърихи қадима дошта, қаблан заминҳои ин деҳа ҳамчун заминҳои ғаллакории мардуми дараи Ҳоит истифода мешуданд. Мавриди зикр аст, ки баъди заминларзаи шадид соли 1950 боз аз сари нав Ҷамоати деҳоти Ҳоит , дар ҳайати 2 деҳа ташкил намуданд, аз баски деҳаи Ҳоит дар маркази ин деҳот мавқеъ дошт, идораи Ҷамоатро дар он ҷо сохта, номи Ҷамоати деҳотро низ Ҳоит номгузорӣ намуданд.
Ҷамоати деҳоти Хоит аз деҳаи Хоит оғоз мешавад, дар асоси сесияи чоруми даъвати 18-уми Совети депутатҳои халқииқишлоқи Ҳоит 14 – сентябри соли 1983 ташкил карда шудааст, ва дар асоси Қарори Маҷлиси Милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2004 №584 дар заминаи Ҷамоати деҳоти Ҳоит Ҷамоати деҳоти Ҳоит ташкил карда шудааст. Қарори раиси ҳукумати ноҳияи Рашт №295 аз 26 октябри соли 2004 «Дар бораи ташкили Ҷамоати деҳоти Ҳоит ».
