Таърих

Таърихи ноҳияи Рашт Номи Рашт аз давраи қадиммулаём ҳамчун Қаротегин, маълум буд, ки тавассути он роҳи Абрешим мегузашт. Чанде пеш ноҳия зери номи Ғарм низ маълум буд. Аз 27-уми октябри соли 1939 то 24-уми августи соли 1955 ноҳия зери тоъбеи Вилояти Ғарм буд.  Бо қарори парлумони кишвар таҳти №190 аз 28-уми апрели 2001 ноҳия номи «Рашт»-ро гирифт.

Дар ноҳияи Рашт 10-уми июли соли 1949 яке аз зилзилаҳои (заминҷумбӣ) шадидтарини кишвар бо иқтидори 9 бал дар мавзеи Ҳоит ба вуқуъ пайваста даҳҳо ҳазор нафар одамонро зери хок монда куштааст.

Масоҳати умумии ноҳияи Рашт 4,6 ҳазор км2 – ро ташкил намуда, 97 фоизи масоҳати онро кўҳҳо фаро гирифтаанд.

Ноҳияи Рашт аз ҷануб ба ноҳияи Тавилдара, аз ҷанубу шарқ бо ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷиргатол, аз шимол ба ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд  ва аз ғарб ба ноҳияи Нуробод ҳамсарҳад мебошад.

Ноҳияи Рашт аз сатҳи баҳр дар баландии 1300 метр ҷойгир буда, иқлими  муътадил дорад. Давомнокии давраи гармо 128-216 шабонарўз- ро ташкил дода, ҳарорати миёнаи моҳи июл +18 то +24 градус С  ва моҳи январ аз -5то -10 градус С хунукӣ мебошад. Миқдори боришот дар як сол ба ҳисоби миёна 600-900 мм  мебошад.

Дарёи  Сурхоб ноҳияро аз шарқ ба ғарб бурида, ба он дарёҳои Руноб, Шўрак, Оби Кабуд, Сорбоғ ва Санги Кар ҳамроҳ мешаванд.  Хоки ноҳия асосан ҷигарранг буда, барои рушди парвариши соҳаи растанипарварӣ муфид аст.

Ноҳияи Рашт аз рўи хусусияташ аграрӣ буда, 89,2 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Шуғли асосии аҳолии ноҳия  чорводорӣ, картошкапарварӣ  ва боғдорӣ мебошад. Дар ин ҷо қариб ҳамаи дарахтон: себ, нок, олу, чормағз, гелос, олуча, зардолу, шафтолу, тут, ангур, бодом ва ғайраҳо мерўяд.

Ба сайёҳҳон тавсия карда мешавад, ки аз беҳтарин мавзеҳои ноҳияи Рашт дидан намоянд, ки ба мисоли инҳо: Дарраи Камароб, Деҳаи Ясмин ва Ҳоит мебошанд.

 

 

 

 

Аз ҷиҳати захираҳои табиӣ ноҳияи Рашт  хело бой буда, дар ин ҷо тилло, нуқра, мис, уран, литий, ниобий, тантал, ангиштсанги навъи кокс (кони ангишти Назар-айлоқ ва Камароб), намак, санги мармар, оҳаксанг, хоки кулолӣ ва дигар канданиҳои фоиданок мавҷуд аст.

Ноҳияи Рашт ватани як қатор хизматчиёни давлатӣ, шоирон ва ҳунармандон, аз ҷумла:  Нусратулло Махсум, Сайдулло Хайруллоев, Зафар Нозим, Абдураҳмон Назриев, Саидраҳмон Назриев, Мунаввар Шогадоев, Мирзо Раҳматов, Қадриддин Аслонов, Боқи Раҳимзода, Мунавваршо Назриев ва ғайра.

Вазъи демографӣ. Ба ҳолати 1 январи соли 2024 шумораи аҳолии ноҳияи Рашт 142305 нафар, ё 1,6 фоизи аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.  Шумораи хоҷагиҳо бошад, 19268 адад буда, 12 фоизаш дар шаҳракҳо зиндагӣ мекунанд. Аз шумораи умумии аҳолӣ 72496 нафар мардон (50,9 фоиз) ва 69809 нафар занон (49 фоиз) мебошанд.

Маркази ноҳия шаҳраки Ғарм буда, аҳолии он  9246  нафарро  ташкил мекунад.

Дар ноҳияи Рашт 14  ҷамоати   калон  ҳаст, ки аз инҳо иборатанд:

Номгўи  нишондиҳандаҳо воҳиди ченак Ба

01.01.2019

сол

Шумораи ҷамоатҳо,ш/аҳолӣ
1.Шаҳ.Ғарм нафар 9246
2.Шаҳ.Навобод нафар 6001
3.Ҷ/Д. Тагоба нафар 6588
4.Ҷ/Д. Оби Мехнат нафар 2968
5.Ҷ/Д. Б.Раҳимзода нафар 14676
6.Ҷ/Д. Н.Махсум нафар 15900
7.Ҷ/Д. Навди нафар 19483
8.Ҷ/Д. Қалъанак нафар 11978
9.Ҷ/Д. Ҷафр нафар 8805
10.Ҷ/Д. Ҳоит нафар 8821
11.Ҷ/Д. Ясман нафар 6512
12.Ҷ/Д. Қалъаи Сурх нафар 19157
13.Ҷ/Д. Аскалон нафар 5116
 14.Ҷ/Д. Ҳиҷборак нафар 7063

 

Халқ ва иқтисодиёти ноҳияи Рашт

Раштиҳо дар бахши илму дониш аҳмияти хоса медиҳанд ва ба ин мақсад зиёда аз 113 мактаб сохта ба истифода додаанд. Штатҳои Муттаҳидаи Амрико маркази омузишии худро дар маркази ноҳияи Рашт ба истифода додааст, ки дар он ҳар руз садҳо бачаҳои ин минтақа дониши худро ба забони англисиӣ сайқал медиҳанд.

Инчунин як Донишкадаи омузгорӣ, як Колеҷи тибби, як колеҷи муҳандиси маърифати Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, як Литсейи касби техники фаъолият менамояд, ки дар он ҳазорҳо донишҷӯён таҳсил менамоянд. Инчунин гуфт, ки дар ноҳия зиёда аз 10 намуди ташкилотҳои қарзии  кишвар  мавҷуданд. Истифодаи алоқаи интернет ва мобилӣ аз соли 2005 инҷониб ба шаҳрвандони Раштонзамин имконпазир аст.