Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

СИТОДИ НОҲИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 30 июни соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо,  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ситод баргузор гардид.
 Ситод масъалаи дар муҳлати муайяншуда барқарор намудани харобаҳои зилзиларо дар ҷамоатҳои деҳотии Ҳиҷборак ва Аскалон мавриди муҳокима қарор дод.
Дар ҷараёни баррасии масъала раиси ноҳия қайд намуд, ки шахсони масъул тамоми чораҳоро бояд андешанд, ки мардуми зарардида саривақт манзили зисташонро обод намоянд.  Аз ҷумла қайд гардид, ки масъулин  ба маҳали офат рафта, камбудиҳои ҷойдоштаро аз наздик дида, барои бартараф намудани онҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.