Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ИҶЛОСИЯИ ҲАЖДАҲУМ (ДАЪВАТИ ШАШУМ)-И МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ РАШТ.

Санаи 10 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иҷлосияи ҳаждаҳум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.

Иҷлосияро раиси ноҳияи Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ярхаб №23 Муқимӣ Раҳимҷон Набизода раисӣ намуд.

Ба рўзномаи иҷлосияи ҳаждаҳум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт барои баррасӣ масъалаҳои зерин пешниҳод карда шудаанд:

  1. Рафти иҷрои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025”  (Ахбороти муовини якуми раиси ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии  Шул №4  Шарифзода Ҳамдулло Ҳоҷӣ).
  2. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Рашт аз 07 июни соли 2021, №445 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи саноат дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025 ”(Ахбороти муовини раиси ноҳия, Шаидзода Раҳматулло Пирумшо).
  3. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Сари Пул, №2 Ғиёсов Хайрулло Шукруллоевич.
  4. Дар бораи қатъ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аз ҳавзаи интихоботии Айни №21, Донаева Мунира Давлатовна ва баргузор намудани интихобот дар ҳавзаи дахлдор. (Ахбороти раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт оид ба қонуният, ҳуқуқи инсон тартиботи ҳуқуқӣ ва сохти маъмурию ҳудудӣ, Мирзоқурбонов Муҳсиддин вакил аз ҳавзаи интихоботии Ялдамич №32  ).
  5. Дар бораи номгузори намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 деҳаи Кули Ҷамоати деҳоти Аскалон, ба номи Ҷалилов Аслон, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 деҳаи Ғавосиёни Ҷамоати деҳоти Н.Махсум,  ба номи Лоиқов Аҳмадбег, Муассисаи таҳсилоти умумии  асосии  № 77 деҳаи Болошаҳри Ҷамоати деҳоти Оби меҳнат, ба номи Маликов Миёнҷон (Ахбороти     раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт оид ба қонуният, ҳуқуқи инсон тартиботи ҳуқуқӣ ва сохти маъмурию ҳудудӣ, Мирзоқурбонов Муҳсиддин вакил аз ҳавзаи интихоботии Ялдамич №32  ).
  6.   Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Рашт, ки дар байни иҷлосияҳо қабул карда шудаанд. (Ахбороти Иҷрокунандаи вазифаи  роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Шарифзода Ҳамдулло Ҳоҷӣ).

Масъалаҳои мавриди назар аз ҷониби вакилон баррасӣ шуда, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.