Бо мақсади иҷрои саривақтии тадбирҳои омодагӣ ба мавсими обёрӣ, истифодаи самараноки захираҳои об ва таъмини фаъолияти мунтазами иншоотҳои соҳавӣ, аз ҷониби Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рашт дар иншоотҳои гидротехникии дар тавозуни идора қарордошта корҳои таъмиру барқарорсозӣ бо суръати баланд ва сифати зарурӣ идома доранд.
Айни ҳол дар шабакаҳои обрасонӣ, каналҳо, пойгоҳҳои обкашӣ ва дигар иншоотҳои муҳими соҳа корҳои таъмири ҷорӣ ва асосӣ ба роҳ монда шуда, кормандони соҳа баҳри омода намудани онҳо ба мавсими кишту кор фаъолияти пурсамар доранд.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида, то оғози мавсими обёрии имсола тамоми иншоотҳои муҳими гидротехникӣ аз таъмири ҷорӣ ва капиталӣ бароварда шуда, пурра мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар натиҷа, дар мавсими обёрии соли ҷорӣ зиёда аз 600 хоҷагии деҳқонӣ ва инфиродӣ бо оби полезӣ таъмин мегарданд, ки ин барои рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ва афзоиши ҳосилнокии заминҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бояд зикр намуд, ки татбиқи чунин тадбирҳои муҳим дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо дастгириҳои ҳамешагии Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

