Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи самараноки заминҳои корам, масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия ҳамарӯза рафти корҳои саҳроиро зери назорат қарор дода, ба кишоварзон тавсияҳои муфид пешниҳод менамоянд.
Имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот омодасозии замин, шудгор, нармкунии хок ва кишти картошка бо маром идома дошта, барои дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани маърака тамоми имкониятҳо сафарбар гардидаанд.
Бояд зикр намуд, ки картошка ҳамчун яке аз маҳсулоти асосии ғизоӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши муҳим дошта, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли он аз вазифаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати дастгирии деҳқонон ва рушди соҳаи кишоварзӣ пайваста чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, итминон дорад, ки кишоварзони ноҳия имсол низ ҳосили фаровон ба даст хоҳанд овард.

