Раисони ҷамоатҳо Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БОЗДИД АЗ КИШТИ КАРТОШКА

 Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарама Идизода Зарина Фузайлшо аз рафти корҳои кишти картошка дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳоит ва Ясман боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид раиси ноҳия бо ҷараёни корҳои саҳроӣ шинос шуда, ба масъулин ва деҳқонон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии босифат ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла картошкапарварӣ, яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, дар ҷамоатҳои номбурда бо иштироки роҳбарият ва фаъолони маҳаллӣ ситод оид ба омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба ободониву созандагӣ, таъмиру тармими иншоотҳо, вусъати корҳои бунёдкорӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба ин ҷашни муҳими миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаҳои тасдиқгардида ва таъмини сифати корҳои анҷомёбанда супоришҳои мушаххас дода шуд.
Таъкид карда шуд, ки ҳар як сокини ноҳия бояд дар раванди ободонии диёр ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи худро гузорад.