Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА ВА ПОСДОШТИ ХОТИРАИ ШАҲИДОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рашт дар Ҷамоати деҳоти Навдӣ бахшида ба 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба чорабинии тантанавӣ ва маросими гулчанбаргузорӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти маҳаллӣ, фаъолони ҷомеа, ҷавонону варзишгарон ва сокинони ҷамоат иштирок намуда, хотираи неки шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ доштанд.
Иштирокчиён дар назди лавҳаи ёдгории шаҳидон ҷамъ омада, бо гузоштани гулчанбар ва гулдастаҳо ба қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони шуҷои Ватан арҷ гузоштанд.
Зикр гардид, ки ҳифзи сулҳу субот, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таърихи миллат аз ҷумлаи арзишҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб рафта, таҷлили чунин санаҳои таърихӣ дар тарбияи насли ҷавон нақши муҳим дорад.
Ҳамчунин зимни чорабинӣ оид ба саҳми фарзандони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба бар фашизм ва аҳамияти сулҳу ваҳдат суханронӣ сурат гирифта, иштирокдорон ба эҳтироми хотираи шаҳидон лаҳзаи хомӯшӣ эълон намуданд.
Чорабинӣ дар фазои ватандӯстиву худшиносӣ ва эҳтиром ба таърихи миллат баргузор гардид.