Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар нӯҳ моҳи соли 2026 бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо баргузор гардид.
Дар маҷлис масъалаҳои марбут ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идеологӣ, сохтмон, саноат ва кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис, ҳисоботи масъулони соҳаҳо оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нӯҳ моҳи соли 2026 шунида шуд.
Аз ҷумла, муовини якуми Раиси ноҳия Шарифзода Ҳамдулло Ҳоҷӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи иқтисодии ноҳия, муовини Раиси ноҳия Хушмаҳмадзода Фарзона вобаста ба рушди соҳаҳои идеологӣ ва иҷтимоӣ, муовини Раиси ноҳия Саъдуллозода Баҳром оид ба фаъолияти соҳаҳои сохтмон ва саноат ва муовини Раиси ноҳия Идибекзода Саидбек доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ ҳисобот пешниҳод намуданд.
Зимни баррасии масъалаҳо вазъи воқеии соҳаҳо, натиҷаҳои бадастомада, раванди иҷрои нақшаҳои пешбинишуда ва масъалаҳои ҳалталаб мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ба масъулони соҳаҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъмини иҷрои босифату саривақтии нақшаҳои пешбинишуда, тақвияти фаъолияти сохторҳои дахлдор ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар фарҷоми маҷлис таъкид гардид, ки масъулони соҳаҳо бояд ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта, татбиқи ҳадафҳои пешбинишуда ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.


