Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

СЕ СИНФХОНАИ НАВ ДАР НОҲИЯИ РАШТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДАНД

Имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки муовини раиси ноҳияи Рашт Ҷононзода Маҳмадисо дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №106 се синфхонаи иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ифтитоҳи синфхонаҳои нав дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи доимӣ ба рушди соҳаи маориф сурат гирифта, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсил ва фарогирии бештари хонандагон ба муҳити созгори таълимӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки бунёду ба истифода додани чунин иншооти таълимӣ дар таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифату донишомӯзии насли наврас аҳаммияти муҳим дорад.
Ин иқдоми созанда дар рӯзҳои таҷлили яке аз муқаддасоти миллӣ — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозгӯи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонию пешрафти Ватани азиз мебошад.