Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт конференсияи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Рашт, омӯзгорони Донишкадаи омӯзгории ноҳия, ҳайати омӯзгорони Коллеҷи тиббӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Зимни конференсия маърӯзачиён оид ба аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ниҳоди президентӣ дар ташаккули давлатдории миллӣ, барқарории сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафти кишвар суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санаи муҳими таърихӣ барои гиромидошти арзишҳои давлатдорӣ, эҳтиром ба Истиқлоли давлатӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ мавқеи муҳим дорад.
Чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, тақвияти ҳисси масъулиятшиносӣ ва эҳтироми ҷавонон ба арзишҳои миллӣ нақши муассир мегузоранд

