Имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Тагобаи ноҳияи Рашт ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо баргузор гардид.
Нахуст, Раиси ноҳия аз намоиши дастовардҳо, маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва имкониятҳои мавҷудаи ҷамоат дидан намуда, ба фаъолияти сокинон ва ташаббусҳои созандаи онҳо таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Сипас, чорабинии тантанавӣ бо суханронии Раиси ноҳия оғоз гардида, зимни он оид ба аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва мақоми Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишвар ибрози андеша карда шуд.
Таъкид гардид, ки гиромидошти ин санаҳои муҳими таърихӣ арҷгузорӣ ба давлатдорӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва саҳми наслҳои созанда дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангии идона пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.

