Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Санаи 11 ноябри соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо вохӯрии корӣ бо масъулини соҳаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, беҳтар намудани маҳорати касбӣ ва масъулияти омӯзгорон, инчунин омодагии муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ ба масъулини соҳа ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, баланд бардоштани сифати таҳсилот, истифодаи самараноки усулҳои муосири таълим ва тақвияти масъулияти омӯзгорон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд барои сари вақт омода намудани синфхонаҳо, низоми гармидиҳӣ, захираи маводи сӯзишворӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия дар фасли зимистон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ масъулин вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои додашуда чораҳои мушаххас андешида, фаъолияти худро дар ин самт боз ҳам тақвият бахшанд.