Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

Дар ноҳияи Рашт бахшида ба 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор карда шуд.

 Чорабинии мазкур  дар кохи фарҳанги шаҳраки Ғарм ба муносибати 28- умин солагарди Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ раиси ноҳияи Рашт Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва Прокрори ноҳия  Кишварзода А Г, ректори Донишкардаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Раҷабзода М Н   суханронӣ намуданд.

 Қайд гардид, ки қабули Конститутсия дар солҳои авали Истиқлолияти давлатӣ барои мустаҳкам гардидани  пояҳои ҳокимияти Конститутсионӣ ва эҳёи ваҳдати миллӣ асос гузошт. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳамчун давлати мӯстақил барои барқарор ва ташкили асосҳои давлатдорӣ дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муваффақ гардида, амният ва оромии ҷомеа, суботи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодиро дар кишвар таъмин кард.

Аз рӯзи қабули санада мазкур ҳамасола 6-уми ноябр ба хотири пос доштани ин муқаддасоти миллӣ дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар байни тоҷикони олам чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор карда мешавад. Ин аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, имрӯз тасмим гирифтааст ба хотири гиромидошти ин рӯзи барои миллати тоҷик фархунда чорабинии сиёсӣ-фарҳангиро роҳандозӣ намояд

 

Дар фарҷоми чорабини ҳунармандони бахши фарҳанг  бо барномаи рангини худ хотири аҳли нишастро шод карданд.