29 октябри соли 2026 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100-и ноҳияи Рашт бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт, генерал-майори милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зимни боздид нахуст масъулон аз рафти корҳои сохтмонии бинои нави дуошёна, ки дар паҳлуи муассисаи мазкур бунёд гардида истодааст, шинос шуданд. Сипас, аз синфхонаҳои муассиса дидан намуда, бо раванди таълиму тарбия, сатҳи донишандӯзӣ ва саводнокии хонандагон, омодагии муассиса ба фасли зимистон, инчунин ҳолати дафтару рӯзномаҳои таълимии онҳо шинос гардиданд.
Раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо зимни суҳбат бо омӯзгорону хонандагон таъкид намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои рушди соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва дастгирии ҷавонон аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳим ва пайваста амалӣ карда мешаванд.
Зикр гардид, ки ҷавонон неруи созанда ва ояндаи давлату миллат ба шумор рафта, вазифаи ҳар як хонанда аз он иборат аст, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида хубу аъло таҳсил намуда, соҳиби дониш, маърифати баланд ва касбу ҳунари замонавӣ гардад.
Ҳамзамон, ба омӯзгорон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, истифодаи самараноки усулҳои муосири омӯзиш, таҳкими интизоми таълимӣ ва тарбияи насли ватандӯсту худогоҳ дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Чунин вохӯрию боздидҳо дар заминаи таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат ба соҳаи маориф ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, таҳкими масъулияти омӯзгорону хонандагон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили насли наврас аҳаммияти муҳим доранд.

