Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

МЕРОСИ ТАЪРИХӢ Номаи шодбошии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина  Фузайлшо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз

Бо эҳтироми беандоза шумо, ҳамдиёрони азиз ва пайвандонатонро ба муносибати ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, бароятон умри бардавом, хушбахтии беинтиҳо, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор ва фатҳу кушоиши корҳои накӯро таманно мекунам.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ба шумор рафта, бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дорад, ки аз замонҳои бостон то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободкор ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар ин маврид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст”.

Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашнҳое вуҷуд дошта бошанд, ки оину ва суннатҳои онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд.

Суннату оинҳои наврӯзӣ беҳтарин василае мебошанд, ки моро ба фарҳанги гузаштаи дурамаон мепайванданд. Ин суннати нек ва фарҳанги воло, ки аз таърихи пурифтихори аҷдоди ориёиамон сарчашма мегиранд, асрҳо боз ба миллати мо ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ хизмат мекунанд. Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи наврӯз ба шумор рафта, аз замонҳои қадим то имрӯз бо ғояҳои  олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.

Наврӯз, аслан хоси фарҳанги миллати тоҷик аст ва он дар кишвари мо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардида, шукӯҳу шаҳомати тоза касб намуд ва дар баробари табдил ёфтан ба ҷашни бузурги муқаддаси миллӣ мақоми байналмилалӣ пайдо кард. Гузаштагони бузургамон Наврӯзро ҷашни ваҳдатофар низ гуфтанд. Чуноне:

Наврӯз дар он ҷост, ки ёрон ҳама ҷамъанд,

Ёрон ҳама ҷамъанду ҳазорон ҳама ҷамъанд.

Дар устураҳои адабии форсӣ аз таърихи пайдоиши Наврӯз ва чигунагии ин ҷашни миллии форсизабонон ишораҳои зиёде ба назар мерасад. Аксари сарчашмаҳо шурӯи ҷашни Наврӯзро ба давраи ҳукмронии шоҳ Ҷамшеди Пешдодӣ ва аз он ҳам пештар ба Каюмарси Куҳшоҳ, ки аввалин шоҳ дар байни одамон буд, нисбат медиҳанд. Олимону шоирон, аз ҷумла Хайём, Берунӣ, Наршахӣ низ ин нуктаро ҷонибдорӣ менамоянд.

Дар сарзамини ақвоми ориёӣ бо омадани дини мубини Ислом оинҳои динӣ ва наврӯзӣ бо ҳам омезиш ёфтанд. Давлатҳои тоҷикнишини Саффориён ва Сомониён дар эҳёи суннатҳои Наврӯз нақши бузург доранд. Бо ташкил ёфтани давлати Сомониён расму оинҳои мардумӣ аз нав зинда гардида, фарҳанги пурғановати ниёгон дар Хуросони бузург паҳн гардид. Дар ин радиф, ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик, аз қабили Наврӯз, Сада ва Меҳргон эҳё гардиданд. Иди Наврӯзро дар даврони Ҳукумати Шӯравӣ бо баҳонаи ҷашни динӣ баданаш манъ карда буданд. Аммо ин ҷашни ниёгон ҳеҷ гоҳ ба гӯшаи фаромӯшӣ нарафта, мардуми шарафманди тоҷик онро чун иди Бобои деҳқон, иди кишту кор ва ё сари соли нав ҷашн мегирифтанд.

Имрӯз мо дар марҳалаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем, ки инсоният нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, меҳру рафоқат, ҳамдиливу ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештар дорад.

Дар чунин шароит, Наврӯз чун мунодии сулҳу оромӣ нек ва дӯстиву ҳамкории халқҳо моро ба сӯи рӯзгори бехушунат, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии орому осуда роҳнамоӣ мекунад.

Бояд ёдовар шуд, ки Наврӯз анъанаҳои неки ба худ хос дорад. Ба дидори пиру барҷомондагон расидану дуои хайри онҳоро гирифтан, дасти кумак дароз кардан ба ятимону бепарасторон ва камбизоатон, обод кардани ҷойҳои нообод, ки шиори ҳаррӯзаи зиндагии ниёгонамон будааст, дар айёми мо низ аҳамияти хоса пайдо кардааст.

Имрӯз дар саросари кишвари азизамон, аз ҷумла дар ноҳияи мо низ мардум ба истиқболи ҷашни Наврӯз бо як дилгармӣ ба оғози кишту кори баҳорӣ, тоза кардани ҷӯю заҳбӯрҳо, роҳравҳо ва шинонидани дарахтону гулбуттаҳо, ба тартиб даровардани хонаву дари худ машғул мебошанд.

Ба ин хотир, мехостам, ки ҳар фарди диёрамон аз ҳар лаҳзаи фасли баҳор истифода намуда, пайи ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ бошад. Боварӣ дорам, ки мардуми меҳнатқарини ноҳия ин муроҷиатро бо як масъулияти бузурги ватандорию хештаншиносӣ дарк намуда, аз пайи амалҳои хайр шуда, барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллиамон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона меҳнат менамоянд. Мутмаъинам, ки сокинони ноҳия дар ҷодаи корҳои ободонию созандагӣ ва дигар кирдору аъмоли нек, корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, дар ин лаҳзаҳои пурфайзу шодии баҳорӣ, бори дигар ба ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азиз, бахту саодати наврӯзӣ, иқболи баланду толеи нек ва тани сиҳату рӯзгори осударо таманно менамоям.