Дар доираи нақшаи чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарбиявӣ дар ноҳияи Рашт озмуни шоҳномахонӣ дар сатҳи даври ноҳиявӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба забон ва адабиёти классикии тоҷик, инчунин арҷгузорӣ ба мероси безаволи устод Абулқосим Фирдавсӣ роҳандозӣ карда шуд.
Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолона иштирок намуда, аз бахшҳои гуногуни «Шоҳнома» порчаҳо қироат намуданд. Иштирокчиён маҳорати баланди суханварӣ, дарки амиқи маънои асар ва техникаи дурусти қироатро нишон доданд.
Ҳайати доварон баромади иштирокчиёнро аз рӯйи меъёрҳои муайян равонӣ, талаффуз, ҳофиза ва маҳорати ифоданокӣ баҳогузорӣ намуд.
Зикр бояд кард, ки баргузор намудани чунин озмунҳои маърифативу адабӣ бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва роҳандозӣ гардида, дар тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ нақши муҳим мебозанд.Чунин озмунҳо дар баланд бардоштани маърифати адабӣ ва худшиносии миллии насли наврас нақши муҳим доранд.


