23 апрели соли 2026 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Рашт Шарифзода Ҳ.Ҳ. ҷаласаи навбатии кории Комиссия баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзоёни Комиссия аз ҳисоби мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва намояндаи рӯзномаи ноҳиявии Оинаи Рашт ширакат варзиданд. Ҳамзамон дар рафти кори ҷаласа иҷрои талабоҳои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 марти соли 2026, № 1145 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030)”, мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуда, дар ин хусус баромади ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳия шунида шуданд. Ба аъзоёни Комиссия дастур дода шуд, ки дар раванди татбиқи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ бетарафӣ зоҳир накарда, барои аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, паст намудани шиддати коррупсия дар ноҳия саҳмгузор бошанд.
Сабтҳои охирин
ФАЗИЛАТИ ИНСОНӢ
Дастгирии оилаҳои ниёзманд, шахсони яккаву танҳо, маъюбон ва ятимону бепарасторон яке аз фазилатҳои неки инсонӣ буда, дар таърихи миллати мо анъанаи қадимӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати инсонпарваронаи худ ин масъаларо дар мадди аввал гузошта, хайру сахоро ба анҷом […]
ТАНТАНАИ НАВРӮЗӢ
Аҳли деҳаи Тагобаи Ҷамоати деҳоти Тагоба дар ҳамбастагӣ бо хонандагони МТМУ №10 ҷашни Наврӯзи Аҷамро дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол намуданд. Намоиши дастархони Наврӯзӣ бо пешкаши хурокҳои миллӣ, ҳафтсину ҳафтшин ба маърази тамошо гузошта шуда, чорабиниҳои гуногуни варзишӣ аз ҷумла гуштини миллӣ, банкашак, хурусҷангу дигар анъаноти мардумӣ доир карда шуданд. Ҳама ҷо анҷумани […]
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ
23-юми январи соли 2025 дар қасри фарҳанги ноҳияи Рашт семинари омӯзишӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ баргузор гардид. Дар семинари омӯзишӣ раиси комиссияи ноҳиявии интихобот Мирзоев Ҳикматуло, коршиносон аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба тариқи озод, шаффоф […]

