Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАНТАНАИ НАВРӮЗӢ

Аҳли деҳаи Тагобаи Ҷамоати деҳоти Тагоба дар ҳамбастагӣ бо хонандагони МТМУ №10  ҷашни Наврӯзи Аҷамро дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол намуданд.

Намоиши дастархони Наврӯзӣ бо пешкаши хурокҳои миллӣ, ҳафтсину ҳафтшин ба маърази тамошо гузошта шуда, чорабиниҳои гуногуни варзишӣ аз ҷумла гуштини миллӣ, банкашак, хурусҷангу дигар анъаноти мардумӣ доир карда шуданд.

 

Ҳама ҷо анҷумани наврӯз аст,

Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.