Санаи 02 декабри соли 2024 аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” бо мақсади муайян намудани мутобиқатии мансаби ишғолнамудаи хизматчиёни давлатӣ баргузор карда мешавад.
Дар ин замина, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2008 №468 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ва маъмурӣ” ва қарори раиси ноҳияи Рашт аз
15-уми октябри соли 2024 № 465 аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ санаи 2-уми декабри соли 2024 дар ноҳия баргузор гардид.
Дар аттестатсия раиси комиссия, раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо, намояндаи Агентии хизмати давлатӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ– Амиршоева С.А. ва дигар аъзоёни комиссия иштирок намудаанд.