Боиси ифтихор аст, ки ноҳияи Рашт дар даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид.
Ин дастовард натиҷаи таваҷҷуҳ ба таҳкими арзишҳои оиладорӣ, эҳтироми анъанаҳои миллӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати оила дар ҷомеа мебошад.
Ин муваффақиятро ба масъулон ва иштирокчиёни озмун табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои нав орзумандем.

