28 октябри соли 2026 Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо аз Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҳарбии 0113, дидбонгоҳи сарҳадии «Ширинчашма» боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид раиси ноҳия бо шароити хизмат ва будубоши сарбозон шинос шуда, аз вазъи хизматбарӣ, сатҳи омодагии ҷангӣ, шароити иҷтимоиву маишӣ ва таъминоти сарбозону афсарон дар дидбонгоҳи сарҳадӣ огоҳӣ пайдо намуданд.
Қайд гардид, ки ҳифзи сарҳади давлатӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддасу пурмасъулияти хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳисоб рафта, иҷрои содиқонаи ин рисолати пуршараф аз ҳар як сарбоз ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба давлату миллатро тақозо менамояд.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо сарбозон ба онҳо барои хизмати содиқона дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромии ҷомеа изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои низомии кишвар мактаби мардонагӣ, шуҷоат ва ватандӯстӣ мебошад.
Дар фарҷом ба ҳайати шахсии дидбонгоҳи сарҳадии «Ширинчашма» дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбӣ, рӯҳияи баланди хизматӣ ва сарбаландӣ таманно карда шуд.

