Имрӯз дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо мақсади санҷиш ва баланд бардоштани сатҳи омодабошии захираҳои сафарбарӣ ва неруҳои мудофиаи ҳудудӣ машқи мудофиаи ҳудудӣ баргузор гардид.
Дар машқи мазкур Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва намояндаи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни баргузории машқ масъалаҳои омодагии захираҳои сафарбарӣ, сафарбаркунии қувваҳо, ҳамоҳангии сохторҳои дахлдор ва иҷрои саривақтии вазифаҳои вобаста ба мудофиаи ҳудудӣ мавриди санҷиш ва арзёбӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза омодагии доимӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ҳисси ватандӯстии ҳар як сокин аз омилҳои муҳими таҳкими амнияту суботи кишвар ба ҳисоб меравад.
Мавриди зикр аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати захираҳои сафарбарӣ ва неруҳои мудофиаи ҳудудӣ низ бояд ҳамеша дар ҳолати омодабошии доимӣ қарор дошта бошанд.
Баргузории чунин машқҳо имкон фароҳам меорад, ки сатҳи омодагии захираҳои сафарбарӣ санҷида шуда, ҳамоҳангии сохторҳои дахлдор боз ҳам тақвият ёбад ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои ҳифзи марзу буми Ватан омодагии ҳамаҷониба таъмин карда шавад.
Мудофиаи ҳудудӣ танҳо омодагӣ ба иҷрои вазифа нест — он ифодаи масъулият, садоқат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар назди Ватан мебошад.

