Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Сайёҳӣ Хабарҳо

ТАНТАНАИ НАВРӮЗ ДАР  НОҲИЯИ  РАШТ

Дар тантанаи Наврӯзи Рашт, ки 26 март доир гардид, сараввал роҳпаймоии идона бо диди нав, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва нону таомҳои миллӣ оғоз ёфт…
Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки дар майдони варзишии  маркази ноҳия доир гашт иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зиёдуллоев Соибҷон Салоҳуддинович иштирокчиёни  беш аз  6 ҳазор нафараи ҷашнвораро ба иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфтанд…
Дар баромади иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо қайд гардид, ки Наврӯз дар сарнавишти мллати тоҷик ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад ва мо ин ҷашнро дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил хоҳем кард…
Мавриди ба зикр аст, ки то баргузории ин чорабинӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иди Наврӯз дар сатҳи баланд ва шукӯҳу шаҳомати хоса доир гашта буданд.
Ба собиқадорони меҳнат ва шахсоне, ки дар пешрафти соҳаи хоҷагидории ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сипосномаву туҳфаҳои  молӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Баҳри иштирокдорони тантанаи Наврӯзӣ намоиши театрикунонидашудаи бахши фарҳанги ноҳия ва барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ пешкаш карда шуд.