Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ВОХӮРИҲОИ     СУДМАН

Тибқи дастури иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт  муҳтарам Идизода Зарина Фузйлшо  намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия аз рӯи нақшаи муайян дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо суҳбату вохуриҳои судманд доир намуда истодаанд.
Мазмуну муҳтавои ин мулоқотҳо пешгирии насли наврасу ҷавонон аз шомишавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро, ҷалб намудани духтарон ба зиннаи сеюми таҳсилот ва идомаи таҳсили онҳо дар макотиби олӣ тавассути маркази миллии тестӣ балан бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии наврасу ҷавонро дар  бар мегирад.