Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНДИ МИНТАҚАИ РАШТ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТӢ ТАҚДИМ ГАРДИДАНД

Бахшида ба 35 солагии Итиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 30 манзили истиқомати бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон ва Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ба ятимони кул, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд аз ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш Нуробод ва Сангвор манзилҳои истиқомати бо тамоми таҷҳизотҳои замонави муҷҷаҳаз аз ҷониби соҳибкори муваффақу саховатпеша Муҳиб Бобоҷонов тақдим карда шуд.
Тақдими хонаҳои истиқоматӣ ба оилаҳои ниёзманд таҷассумгари таваҷҷуҳ ба арзишҳои инсондӯстӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа буда, бо сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳанг мебошад.
Дар ин замина, саҳми соҳибкорони ватандӯсту саховатпеша дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ назаррас буда, иқдоми Муҳиб Бобоҷонов намунаи масъулияти баланди иҷтимоӣ, эҳсонкорӣ ва дастгирии ҳамватанони ниёзманд мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар баробари ин иқдоми иҷтимоӣ, дар маҳаллаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ду корхонаи саноатӣ, аз ҷумла корхонаи дӯзандагӣ ва корхонаи қаннодӣ, ба фаъолият оғоз намуда, барои зиёда аз 40 нафар сокинони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуданд.
Ҳамзамон, майдончаи варзишии замонавӣ ва майдончаи бозии кӯдакона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати машғул шудани наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди тарбияи ҷисмонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Зимни маросими тақдими манзил оилаҳои соҳиби хонагардида бо эҳсоси шодиву хушнудӣ барои ин ғамхории бузург ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкори саховатпеша Муҳиб Бобоҷонов изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки соҳиби манзили истиқоматӣ гардидани онҳо дар зиндагияшон саҳифаи тоза боз намуда, ба ояндаи нек умеду эътимоди бештар мебахшад.
Дар маҷмӯъ, татбиқи чунин иқдомҳои созанда — аз дастгирии оилаҳои ниёзманду бо манзили истиқоматӣ таъмин намудани онҳо то бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди инфрасохтори варзишӣ — бозгӯи таваҷҷуҳ ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал ва ободонии диёр мебошад.