24 ноябри соли 2022 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт як қатор биноҳои нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар деҳаи Варзигуни Ҷамати деҳоти Боқи Раҳимзода бинои нави муассисаи таълимӣ ва дар Ҷамоати Қалаи Сурх бунгоҳи тиббӣ, дар ҷамоати Шаҳраки Навобод толори варзиши ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва саҳми соҳибкорон сохта шудаанд бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода мавриди истифода қарор дода шуданд.
Сабтҳои охирин
БАХШИДА БА 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ
Ба истиқболи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша–чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт таҳия гардида, чорабиниҳои сиёсӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва намоиши дастовардҳои хоҷагии халқи ҳар як ҷамоат, ҳунарҳои мардумӣ ва роҳпаймоии аҳли ҷамоатчигӣ доир гардида истодаанд. Дар […]
ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ НАВ ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Дар арафаи ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт як қатор иншоотҳои гуногун мавриди истифода қарор дода мешавад. Санаи 10-сентябр соли равон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдуллоев Соибҷон Салоҳуддинович раиси ноҳияи Рашт, Узви Маҷлиси […]
МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚША ДАР РӮЗИ АВВАЛ
Субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Сомониёни шаҳркаи Ғарм таҳти унвони «Мо, ҷавонон пайравони Пешвои миллатем» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд. Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи […]

