Дар ноҳияи Рашт ҷашни бостонии Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, ба намоиши дастовардҳои кишоварзӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати деҳқонон ва тарғиби суннатҳои неки ниёгон табдил ёфт.
Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёитабор буда, рамзи фаровонӣ, баракат, меҳнатдӯстӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ба шумор меравад. Ин ҷашни пурифтихор бо фасли заррини тирамоҳ, ҷамъоварии ҳосили заҳмати кишоварзон ва фаровонии дастархони мардум пайванди ногусастанӣ дорад.
Дар доираи тантанаҳои идона Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия боздид намуда, ба меҳмонону иштирокдорони чорабинӣ табрикоти самимии худро ба муносибати ҷашни Меҳргон расониданд.
Зимни намоиш хоҷагиҳои кишоварзӣ ва истеҳсолкунандагони маҳаллӣ маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла гӯшту шир, меваю сабзавот, асал, мураббо, афшура ва нӯшокиҳои ташнашиканро ба маърази тамошо гузоштанд. Рангорангии маҳсулот ва фаровонии дастовардҳои меҳнатӣ аз имкониятҳои мавҷудаи соҳаи кишоварзӣ ва заҳмати содиқонаи марди деҳқон шаҳодат медод.
Таҷлили Меҳргон бозгӯи эҳтироми мардум ба замин, меҳнати ҳалол ва неъматҳои табиат буда, дар таҳкими анъанаҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги кишоварзӣ ва қадршиносии заҳмати истеҳсолкунандагон нақши муҳим дорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия баргузор гардида, суруду таронаҳои дилнишин ба тантанаҳои идона ҳусни дигар бахшиданд.
Ҷашни Меҳргон дар ноҳияи Рашт бори дигар таҷассумгари суннатҳои неки ниёгон, самараи меҳнати аҳлона ва орзуву ниятҳои неки мардум барои ҳосили фаровон, рӯзгори обод ва зиндагии шоиста гардид.


