Дар маркази ноҳияи Рашт Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорону донишҷӯён, хонандагон ва аҳли ҷамоатчигӣ дар фазои тантанавӣ таҷлил гардид.
Дар чорабинии идона Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, фаъолон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Иштирокчиён дар фазои ифтихору сарфарозӣ аз рамзи муқаддаси давлатдорӣ — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, онро таҷассумгари соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва сарбаландии мардуми тоҷик арзёбӣ намуданд.

