Хушбахтона, бо азму талош ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бостонӣ, ба монанди Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон дигарбора эҳё шуданд. Ҳамин муҳаббат ба миллат ва давлат аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон, сол ба сол бошукӯҳ таҷлил мегардад.
Меҳргон яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки аз замонҳои қадим ба мо мерос монда, гузаштагони мо онро бо шукӯҳу шаҳомат, бо ҳама ҷузъиёташ баргузор мекарданд. Аммо бо мурури замон ин ҷашни миллию мардумӣ аз ёдҳо рафта, таҷлилаш дар қаламрави мамлакат баргузор намегашт.
Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,
Пурфайз бод хони Шумо, аз нуру нору арғавон…
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояш бо зиёиёни кишвар Меҳргонро аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон хонда, хостори эҳёи ин ҷашн шуда буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои чоргонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такоммул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рӯзгори аҳли фарҳангу ҳунар марбут аст, бо дастури Президенти кишвар ин иди бостонӣ ҳар сол ҳафтаи дуюми моҳи октябр чун иди миллии давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. «Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд.
Мувофиқи ойини гузаштагонамон, дар рӯзҳои ҷашни
Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст», – зикр кардааст Президенти мамлакат.
Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон ҷузъи ин Иттиҳод маҳсуб мешуд, ҷашни Меҳргон чун Наврӯз ва Сада аз идҳои мазҳабӣ ба ҳисоб рафта, таҷлил аз онҳо барои сокинони кишвар мамнӯъ буд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки донишмандони тоҷик бо истинод ба китоби «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ таърихи ҷашни Меҳргонро беш аз 3 ҳазорсола хондаанд. Гуфта мешавад, Меҳр номи Офтоб буда, дар ойини Сосониён дар Меҳрмоҳ тоҷеро, ки сурати Офтоб дар он буд, ба сар мегузоштанд.
Малико! Ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Хез ба ҷои мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад.
Муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирадавсӣ пайдоиши ин ҷашнвораро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Писари шоҳ Шопури Сосонӣ – Ҳурмуз дар ин самт қадамҳои аввалинро гузошт ва бо гузашти замони муайян Меҳргон шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо намуд, ки дар замони салтанати Сомониён ба авҷи баланд расид.
Мавриди зикр аст, ки дар моҳи октябр бо рақсу суруд ва шодию сурур Ҷашни Меҳргон дар саросари кишварамон ба таври расмӣ бошукуҳ таҷлил мегардад, Меҳргонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд.
Ҳамасола дар маркази ноҳия Ҷашни Меҳргон бо ташкили намоиши дастовардҳои бахшҳои кишоварзӣ, фурӯши маҳсулоти соҳа ва ҳунарҳои мардуми бо нархи дастрас сурат мегирад.
Дар айёми фарорасии Ҷашни Меҳргон Офтоб ба бурҷи Мизон расида, Замин-Модар шираи меҳрашро ба воситаи ҳосили зироат ва меваҳо шаҳдбор ба ҳамагон ҳадя мекунад.
Бошад, ки Меҳргон – Ҷашни тамаддунсозу фарҳангиамон ба мардуми Тоҷикистон файзу баракат ва фаровонӣ ато созад.
Ба қавли адиби машҳур Масъуди Саъди Салмон:
Меҳрубонӣ кун ба Ҷашни Меҳргону рӯзи меҳр,
Меҳрубонӣ беҳ ба рӯзи меҳру Ҷашни Меҳргон.
Бо ҳама нияту орзуҳои нек Ҷашни Меҳргонро ба кулли мардуми ноҳия ва хусусан кишоварзони он самимона муборакбод мегӯям.
Сарбаланду саодатманд бошед!

