Ба истиқболи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша–чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт таҳия гардида, чорабиниҳои сиёсӣ барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва намоиши дастовардҳои хоҷагии халқи ҳар як ҷамоат ҳунарҳои мардумӣ ва роҳпаймоии аҳли ҷамоатчигӣ доир гардида истодаанд. “Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои мазкур фаъолони касбу кори гуногун, ғолибони даври ноҳиявӣ ва минтақавии иштирокчиёни озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» «Илм Фурӯғи маърифат», «Точикистон –Ватани азизи ман» ва волидайни онҳо аз тарафи раиси ноҳия қадрдонӣ карда мешаванд. Чунин чорабиниҳо алҳол дар Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода ва Ҷамоати шаҳраки Навобод баргузор карда шуданд.
Сабтҳои охирин
ТАСНИФИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН
1.МЕЪЁРҲОИ ГУНОГУНИ ТАСНИФИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН. Ҳар як одам аз лаҳзаи таваллуд то лаҳзаи марг дорои маҷмуи васеи ҳуқуқу озодиҳои ба ҳам алоқаманду вобастаи якдигар мебошад. Бинобар ин ногузир хоҳиши дар системаи ягона нишон додани ҳамаи ин ҳуқуқу озодиҳои гуногун ва тақсим кардани онҳо аз рӯи аломатҳои (меъёрҳои) хосашон, яъне таснифи онҳо пайдо мешавад. Тасниф системаи ба […]
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ НОҲИЯИ РАШТ
Рӯзи 24.02.2024 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қабули шаҳрвандон аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо гузаронида шуд. Қайд намудан лозим аст, ки дар рӯзи баргузории қабули шаҳрвандон, муовинони раиси ноҳия, як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок доштанд. Дар рафти қабул […]
НАВРӮЗИ-БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ҶАШНИ МИЛЛИЮ ФАРҲАНГИИ МОСТ.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт, ки Ҳукумати кишвар ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ тавваҷуҳи хосса диҳадва барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намояд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни наврӯз миёни ардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми калидӣ дорад.Ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва дар сатҳи байналмиллалӣ таҷлил намудани он нишонаи аз тарафи халқҳои […]

