Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ ФАЛАК» ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Имрӯз, 9 октябри соли 2026, дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бо иштироки муовини якуми Раиси ноҳияи Рашт Шарифзода Ҳамдулло Ҳоҷӣ ба муносибати Рӯзи Фалак чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо пешниҳоди суруду оҳангҳои фалакӣ, ки таҷассумгари таъриху фарҳанг, эҳсосу ормон ва рӯҳи баланди миллати тоҷик мебошанд, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.
Фалак ҳамчун яке аз жанрҳои қадимаи мусиқии суннатии тоҷикон, ифодагари розу ниёз, дарду шодмонӣ ва орзуву умеди мардум буда, дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон нақши муҳим дорад.
Баргузории чунин чорабиниҳо барои арҷгузорӣ ба мероси пурғановати фарҳангӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ифтихори миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.