Солҳои охир ноҳияи Рашт дар озмуну чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, сазовори ҷойҳои намоён, сипосномаҳо, ифтихорномаҳо ва дипломҳои гуногун шудааст. Ин ҳама дастовардҳо самараи заҳмати содиқона, ташаббусҳои созанда ва роҳбарии масъулиятноки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо буда, ҳамзамон аз ҳисси баланди ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва иродаи қавии сокинон дар роҳи ободонию пешрафти диёр дарак медиҳанд.
Муваффақиятҳои бадастомада далели равшани онанд, ки бо роҳбарии созанда, ҳамкории судманд ва муттаҳидии сокинон метавон ба ҳадафҳои бузург ноил гардида, нуфузу эътибори ноҳияро дар сатҳи ҷумҳурӣ боз ҳам таҳким бахшид.
Рашти азиз бо дастовардҳои шоиста, бонувони соҳибиқтидор ва сокинони заҳматпешааш роҳи пешрафту ободониро устуворона идома дода, бо ҳар як муваффақияти нав саҳифаи тозаеро дар таърихи ифтихори худ боз менамояд.

