Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин супоришҳои раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, дар ҳудуди ноҳияи Рашт шанбегии умумӣ баргузор гардид.
Дар шанбегии мазкур кормандони мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, сокинон ва фаъолони ноҳия фаъолона иштирок намуда, корҳои тозаву озода намудани кӯчаву маҳаллаҳо, роҳҳо, гирду атрофи биноҳои маъмурӣ, иншооти иҷтимоӣ ва минтақаҳои ҷамъиятиро ба анҷом расониданд.
Ҳамзамон, корҳои ободонӣ, сафедкунӣ, ҷамъоварии партовҳо ва сабзкорӣ вусъат бахшида шуда, ҷиҳати боз ҳам зебову назаррабо гардонидани муҳити ноҳия тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд.
Сокинони ноҳияи Рашт бо ҳисси баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ дар чунин иқдомҳои созанда фаъолона саҳм гузошта, барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош менамоянд.

