Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

  Натиҷа аз фаъолияти семоҳа

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, муовини якуми директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ Зиёдуллоев Соҳибҷон Салоҳуддинович аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Рашт дар семоҳаи аввали соли 2023-юм натиҷагирӣ карда шуд.

Дар ҷамъомад пешравиҳо ва мушкилоти соҳаҳо баррасӣ гардида ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ баҳри барқарор намудани камбудиҳои ҷойдошта, афзун намудани майдонҳои кишти картошка, омода намудани омӯзгорон ва ба кор таъмин намудани онҳо аз ҷониби раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ноҳияи Рашт дар рӯзи аввали даъват аз иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона баромад.

Ба ин хотир, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоте, ки иҷрои саривақтии нақшаро таъмин карда буданд аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сипоснома ва тӯҳфаҳои моддӣ қадрдони карда шуданд.