Имрӯз дар ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Рашт тамошои якҷояи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ҳамзамон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт муовинони раиси ноҳияи Рашт, кормандони масъули дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони идораю сохторҳои марказии ноҳия ҷамъ омада, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо таваҷҷӯҳ тамошо намуданд.
Сабтҳои охирин
ТАНТАНАҲОИ ИДОНА
Рӯзи 8-уми сентябри соли равон маркази ноҳияи Рашт шаҳраки Ғарм намуди идона дошт. Хурду бузурги ноҳия ба хотири таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷамъ омада буданд. Бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ гузашти низомӣ бо иштироки афсарону сарбозони қисмҳои низомии мустақар дар ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қувваҳои эҳтиётии […]
РАШТ. РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ АЗ БАРАКАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИСТ
Соҳибихтиёрӣ, ҳамраъйиву ҳамдилӣ, муттаҳидиву ягонагӣ асоси шукуфоӣ ва равнақу ривоҷи ҳар давлату миллат аст. Ҳарчанд пас аз ҳазор сол, оғози солҳои 90-уми асри гузашта, халқи тамаддунофари тоҷик истиқлолияти давлатиро ба даст оварда бошад ҳам, душманони миллат бо ҳамдастии хоҷагонашон мамлакатро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Бенизомӣ, бесарусомониву харобкориҳо авҷ гирифта, иқтисоди кишвар рӯ ба таназзул овард. […]
КУМАКИ СОКИНОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА ОСЕБДИДАГОНИ НОҲИЯҲОИ РАШТ ВА ТОҶИКОБОД ДАСРАСТ ГАРДИД.
Дар партави сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сокинони вилояти Суғд корвони пур аз маводи гуногуни хӯрока, сару либос, лавозимоти зарурии рӯзгор ва маҳсулоти сохтмонӣ иборат буда, бо 22 мошини калони боркаш рӯзи 20 апрели соли 2025 барои осебдидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ба минтақа ворид гардиданд. […]


