Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз як иншооти муҳими иҷтимоӣ — бунгоҳи нави тиббӣ дар назди Маркази саломатии ноҳияи Рашт, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ғарм, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бунгоҳи нави тиббӣ бо шароити муосир бунёд гардида, барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ пешбинӣ шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти нави тиббӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Файзалӣ Фузайлшо, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Тоҷиддин ва Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо иштирок намуданд.
Ба истифода додани бунгоҳи нави тиббӣ бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои аҳолӣ мебошад.
Иншооти мазкур барои сокинони Ҷамоати шаҳраки Ғарм дастрасии бештар ба хизматрасониҳои тиббиро таъмин намуда, ҳамчун як қадами муҳим дар самти таҳкими инфрасохтори иҷтимоӣ ва ҳифзи саломатии мардум хизмат хоҳад кард.

