Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ҶАШНИ ЗАБОН ВА ЭҲТИРОМИ ОМӮЗГОР ДАР НОҲИЯИ РАШТ 

Имрӯз, 5 октябри соли 2026, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳия, омӯзгорону кормандони соҳаи маориф, намояндагони мақомоти давлатӣ, фаъолон, собиқадорон ва дигар қишрҳои ҷомеа иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани табрикии Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо оғоз гардида, иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми мардуми ноҳия ба муносибати ин ҷашнҳои муҳими миллӣ самимона табрик гуфта шуданд.
Зикр гардид, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ва омили муҳими таҳкими худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ваҳдати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳифзу гиромидошти забони тоҷикӣ, рушди он ва истифодаи дурусти забони давлатӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Ҳамзамон, дар суханронӣ ба мақоми арзанда ва нақши созандаи омӯзгор дар ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки омӯзгор дар тарбияи насли наврас, ташаккули ҷаҳонбинии созанда, баланд бардоштани маърифату дониш ва омода намудани кадрҳои соҳибмаърифат барои рушди минбаъдаи кишвар нақши калидӣ дорад.
Бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва забони давлатӣ ҳамчун самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ пайваста рушд намуда, барои омӯзгорон ва аҳли маориф шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда мешавад.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор омӯзгорону кормандони соҳаи маориф барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва хизматҳои шоиста бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Барномаи фарҳангии омодашуда, ки аз суруду таронаҳои ватандӯстона, шеърхонӣ ва саҳнаҳои ҷолиби адабию фарҳангӣ иборат буд, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, фазои идонаи онро боз ҳам рангин намуд.
Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор дар ноҳияи Рашт бо рӯҳияи баланди идона ва эҳтиром ба забони миллӣ, илму дониш ва аҳли маориф таҷлил гардид.