Маориф Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ВОХӮРӢ БО МАСЪУЛИНИ СОҲАИ МАОРИФ

Санаи 20 апрели соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт вохӯрии Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо бо масъулини соҳаи маориф баргузор гардид.

Вохӯрии мазкур дар доираи сафари кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ ба ноҳияи Рашт сурат гирифта, он ба баррасии вазъи кунунӣ ва масъалаҳои мубрами соҳаи маориф, инчунин муайян намудани роҳҳои самараноки бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта равона карда шуд.

Зимни суханронии худ раиси ноҳия таъкид намуд, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, рушди он барои ояндаи устувори кишвар аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷалби бештари омӯзгорони соҳибтахассус аз вазифаҳои муҳими масъулин мебошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ вазъи мавҷудаи муассисаҳои таълимии ноҳия, норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар баъзе фанҳо, масъалаҳои таъминот бо маводи таълимӣ, ҳолати инфрасохтори мактабҳо ва дигар мушкилоти соҳа мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи омодагии хонандагон ба Маркази миллии тестӣ ва ҷалби бештари духтарон ба таҳсилоти олӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки фарогирии духтарон ба Маркази миллии тестӣ на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа, балки барои тақвияти нақши занон дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар низ аҳамияти калон дорад.

Дар рафти вохӯрӣ иброз гардид, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ҳамкории зичи муассисаҳои таълимӣ, шуъбаи маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ зарур буда, ҳар як масъул бояд дар доираи ваколатҳои худ барои беҳтар намудани вазъи соҳа саҳмгузор бошад.

Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба масъулини соҳа ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳо, таъмини назорати ҷиддӣ аз болои раванди таълим, бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва баланд бардоштани сифати таҳсил дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.