Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ШАХСОНИ НИЁЗМАНД ВА СОКИНОНИ ДЕҲАҲОИ ДУРДАСТИ НОҲИЯИ РАШТ БА ХИЗМАТРАСОНИҲОИ РОЙГОНИ ТИББӢ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД

  Дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт пайваста нисбати маъюбон ниёзмандон ва пиронсолони яккаву танҳо ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Бо ташаббуси раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо «Корвони саломатӣ» бо иштироки табибони Беморхонаи марказӣ ва Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ  таъсиси дода шуд, хизматрасонии ройгони тиббӣ ба сокинони деҳаҳои дурдаст ва шахсони ниёзманд дар ҳудуди 14- ҷамоатҳои шаҳраку деҳот расонида мешавад.
Санаи 04- майи соли 2024  «Корвони саломатӣ» бо иштироки мутахассисони соҳибтаҷрибаи  Беморхонаи марказӣ ва  Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ  ба Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак ташриф оварда, ба сокинони ин ҷамоат, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд дар манзилҳои зисташон хизматҳои ройгони тиббӣ расонида шуд.