Маълумотҳои оморӣ Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо Ҳисоботҳо

ДАСТОВАРДҲО НАЗАРРАС БУД

Маҷлиси васеи назди раиси ноҳия оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти тараққиёти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар соли 2023 ва вазифаҳо дар соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт 18 январи соли ҷорӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев ширкат варзид.

Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисро кушода, муовинони раиси ноҳияи Рашт  Шарифзода Ҳамдулло Ҳоҷӣ,  Шаидзода Раҳматло, Муродзода Бахтиёр, роҷеъ ба бурду бохти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2023 гузориши муфассал ироа карданд.

Раиси ноҳия дар рафти маҷлис оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти баъзе ташкилоту муассисаҳо эродҳои ҷиддӣ гирифта, баҳри бартараф намудани онҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи мазкур ба иҷрои Нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, авлавият додан ба таълиму тарбияи насли наврас, ҳифзи саломатии ҷомеа, дастгирии ятимону маъюбон ва барҷомондагону дигар қишри осебпазири ҷомеа, назорат аз болои рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муносибати самимӣ намудани хизматчиёни давлатӣ бо корафтодагон ва баландбардории маърифати фарҳангии аҳолӣ, бахусус ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр гардид, ки татбиқи сиёсати инсонгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири таъмини зиндагии шоистаи аҳолии кишвар вазифаи ҳар як хизматчии давлатӣ мебошад.

Соҳибҷон Зиёдуллоев зимни суханронии худ дастовардҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияро  назаррас арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ноҳияи Рашт соли 2023  дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саъю талошҳои раиси ноҳия ва заҳматҳои ҳамешагии мардуми меҳнатдӯст ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар фарҷоми ҷаласа ба иштирокчиёни озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, инчунин ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳое, ки фаъолияташон дар соли 2023 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида буд, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи Ҷумҳурият, Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Садои мардум”, маҷаллаи “Бонувон” ва Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – “Оинаи Рашт” ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои моддию молиявӣ тақдим карда шуд.