Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бахшида ба 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон, собиқадорон ва ҷавонон иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Рӯзи Ғалаба яке аз санаҳои муҳими таърихӣ ба шумор рафта, рамзи шуҷоату матонат, ватандӯстиву фидокории фарзандони халқ мебошад. Иброз шуд, ки маҳз ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои таъмини сулҳу оромӣ ва зиндагии осоиштаи имрӯзина замина гузоштааст.
Раиси ноҳия муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо зимни суханронӣ аз саҳми арзишманди собиқадорон ва заҳматкашони ақибгоҳ ёдовар гардида, эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.


