Хабарҳо

“ШОМИ ИСТИҚЛОЛ” ИДОМА ДОРАД”

Чорабиниҳои “Шоми Истиқлол” дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо шукӯҳу шаҳомати хос ва моломол аз салиқаи хуби ҳунармандони маҳалҳои дурдаст доир гардида истодааст.

Ба гуфтаи  Зарина Идизода, муовини якуми раиси ноҳияи Рашт, чорабиниҳои мазкур дар асоси қарори раиси ноҳияи Рашт аз 6 майи соли 2021, № 341 “Дар бораи дар сатҳи деҳа, ҷамоат ва маркази ноҳия баргузор намудани маҷлисҳои тантанавӣ, барномаҳои театрикунонидашуда ва барномаҳои консертӣ” баҳри иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 16/10-22 аз 10 марти соли 2021 роҳандозӣ гардидааст.

Ҳоло чорабиниҳои мазкур дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Навобод, Ясман, Ҳоит, Боқӣ Раҳимзода, Тагоба ва Оби меҳнат гузаронда шуда, дар дигар ҷамоатҳо тибқи нақшаи пешбинишуда рӯзҳои ҷумъаю шанбе баъди соати 17 00   баргузор мегарданд.