Кишоварзӣ Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗӢ ДАР ЗАМИНАИ ҶОМЕА

Кишоварзӣ тӯли асрҳои зиёд шуғли асосии сокинони мамлакати мо буд. Хушбахтона имрӯз низ дар қатори дигар соҳаҳо кишоварзӣ дар Тоҷикистон рӯ ба рушд овардааст. Хоса дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири пешрафти соҳаи кишоварзӣ ҳар сол чандин барномаҳо тарҳрезӣ менамояд ва барои амалӣ гардидани онҳо чораву тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Навоҳии Рашт аз ҷумлаи он минтақаҳост, ки боду ҳаво ва заминҳояш барои рушди кишоварзӣ мувофиқ мебошад. Ин ҷо метавон боғдорӣ, картошкапарварӣ ва дигар намудҳои зироатро хуб ба роҳ монд ва пешрафти соҳа метавонад дар таъмини амнияти озуқаи кишвар саҳми сазовор гузорад. Чунон ки сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Рашт Абдураззоқ Саломов дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, кишоварзони раштӣ аз дастгирӣ ва кумакҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ мунтазам бархурдор буда, ҳамеша арзи сипос менамоянд ва талош доранд, ки бадали ғамхориҳо натиҷаҳои дилхоҳ ба даст биёранд.

– Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” ҳамчун агентии татбиқкунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳ” ва “Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” фаъолият дорад ва ин барнома аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ маблағгузорӣ карда мешавад, гуфт дар идомаи суҳбат – А. Саломов.

Лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” айни ҳол дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ роиҷ аст.

Ҳадафи лоиҳа беҳтар намудани дастрасии аҳли ҷомеа ба инфрасохтори истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ мебошад, ки ба истеҳсоли устувори маҳсулоти кишоварзӣ ва ба даст овардани даромад мусоидат мекунад. Ҳоло дар ноҳияи Рашт 58 деҳа ба ин Лоиҳа ҷалб гардидааст ва 22 Маркази худидораи ҷамъиятӣ барои низоми кор масъул мебошанд.

Дар доираи татбиқи Лоиҳа бо мақсади беҳтар кардани шароити корӣ ва фароҳам овардани робитаҳои байни аъзо ва роҳбарияти мақомотҳо бо утоқҳои корӣ, таҷҳизоти корӣ, аз ҷумла ҷевони китобмонӣ, мизу курсӣ, компютер ва принтер таъмин карда шудаанд.

         Масъулини Лоиҳа баҳри баланд бардоштани дониш ва таҷрибаи аъзои Шӯрои мақомотҳо ва аъзои гурӯҳҳои манфиатбар  курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ оид ба “Таҳияи нақшаи рушди ҷомеа”, “Парвариши мурғи марҷон”, “Маркетинг”, “Идоракунии МХҶ”, “Парвариши зироатҳо – пиёз ва гандум” ва “Ҷобаҷогузории системаи одии муҳосибӣ ва идоракунии молиявӣ” бо иштироки намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва аъзои МХҶ ташкил намуданд.

         Дар доираи татбиқи Лоиҳа зерлоиҳаҳо оид ба таъмини техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ, кандани чоҳҳои амудӣ, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ таҳия гардидааст.

         Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот ва зерлоиҳаҳои инфрасохтории дар доираи Лоиҳаи пешниҳодгардида, корҳои сохтмонӣ барои таъмини аҳолии як қатор деҳаҳо бо оби нӯшокӣ ва полезӣ идома дорад.

         Лоиҳа масъалаи ҷалби занон ба соҳибкориро аз мадди назар дур нагузошта, парвариши мурғи марҷонро ба роҳ монд. Ҳамин тариқ соҳаи парандапарварӣ низ умед аст баъди як сол дар ноҳия рушд ёбад. Ба ин хотир 16 инкубатори чӯҷабарорӣ ба марказҳои худидораи ҷамъиятӣ оварда шуд.

         Рӯзи 21 июли соли равон бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ,  роҳбари Лоиҳа Абдулаҳад Хоҷазода ва дигар масъулин дар маркази ноҳияи Рашт тибқи дархост ба кишоварзони ноҳия, ки бо Лоиҳаи мазкур ҳамкорӣ доранд, 16 трактори МТЗ-82.1, 3 трактори ХТ-224, 7  борбардори фронталӣ, 2 ядак (присеп), 27 испор, 40 сихмола, 2 тойбандак, 1 картошкашинонак, 27 мотоблок, 2 мотоблоки алафдаравӣ, 1 дорӯпошаки тракторӣ, 1 ғаллакӯбак ва 3 алафдараваки тракторӣ тақсим карда шуд.

         – Ман боварии комил дорам, ки техникаи ба ноҳия воридгардида барои рушди босуръати соҳаи кишоварзӣ такони ҷиддӣ медиҳад, – гуфт дар хотимаи суҳбат Абдураззоқ Саломов.