4 ноябри соли 2026 дар толори Шуъбаи фарҳанги ноҳияи Рашт ба ифтихори 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо шиносоии Раиси ноҳия муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо аз намоиши дастовардҳои соҳаҳои гуногун, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули меҳнати сокинони ноҳия оғоз гардид. Раиси ноҳия зимни боздид ба сатҳу сифати омодасозии намоиш, маҳорати ҳунармандон ва дастовардҳои пешниҳодшуда баҳои баланд дода, ташаббус ва заҳмати иштирокчиёнро қадрдонӣ намуданд.
Зимни қисмати тантанавии чорабинӣ таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва бахтномаи миллат дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақоми беназир дошта, заминаи устувори ташаккули давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро фароҳам овардааст.
Қабули Конститутсия 6 ноябри соли 1994 яке аз рӯйдодҳои сарнавиштсоз дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор рафта, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳисси масъулиятшиносӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини кишвар мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор роҳбарон, фаъолон ва шахсоне, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳаёти ҷамъиятии ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд, туҳфаҳои хотиравӣ ва қадрдониҳо тақдим карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони Шуъбаи фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Чорабинии тантанавӣ бори дигар собит сохт, ки Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ, пойдории давлатдорӣ ва кафили зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон мебошад.


