Дар доираи таҷлили 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт чорабинии тантанавӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, аз нақш ва аҳаммияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ ёдовар шуданд.
Таъкид гардид, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии кишвар заминаи устувори таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешрафти ҷомеа ба ҳисоб рафта, эҳтиром ва риояи меъёрҳои он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ барои саҳми арзанда дар ободонию созандагӣ, фаъолияти пурсамар ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии ҷамоат як қатор фаъолони Ҷамоати деҳоти Ҳоит бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.
Чорабинии мазкур дар фазои тантанавию идона баргузор гардида, ба арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси давлатдорӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани эҳтироми шаҳрвандон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд.

